СММ аз мушкилоти Тоҷикистон воқиф аст

Апрель 19, 2012 15:34

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ доир ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверриро ба ҳузур пазируфт.Луис Горатсио Гомес Ечеверри пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти кишвар андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин иброз дошт: «Ман аз мулоқоти бисёр созанда ва пурмӯҳтаво бо ҷаноби Президент хеле хушҳол гардидам. Боиси хурсандии мо буд, ки мулоқоти мо бо Президент зиёда аз як соат тӯл кашид. Сабаб ва мақсади асосии ташрифи ман ба Тоҷикистон ин пеш аз ҳама дар партави пешбурди татбиқи ташаббуси Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун аст, ки он бо номи «Энергияи устувор барои ҳама» таҳия гардида, барои таъмини пешрафт ва афзунгардонии таъмини дастрасии энергияи устувор барои як қатор кишварҳо равона гардидааст».Вай афзуд: мо бар он ақидаем, ки ин ҳайат ва мӯҳтавои барномаи сафари мо ва мақсадҳое, ки барои кишварҳо имрӯз пеши худ дорем, барои рафъи як қатор масъалаҳое, ки дар ин соҳа вуҷуд доранд, мусоидати назаррас хоҳанд намуд. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҳам омодагии ҷониби Тоҷикистон, иқтидори бузурги ин кишвар дар тавлиди нерӯи барқ ва инчунин қабл аз ҳама, иродаи сиёсӣ ва тасмимоти сиёсии роҳбарияти ин кишвар арзи вуҷуд дорад, ки метавонад барои татбиқи амалии ташаббуси Дабири кулли СММ бо номи «Энергияи устувор барои ҳама» кӯмак намояд. «Тоҷикистон дар миёни як қатор кишварҳоест, ки дар партави барномаи татбиқи ин ташаббус ҷой дорад ва бинобар ин, дар чаҳорчӯби пешбурди ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» мо ба ин кишвар қадам ранҷа намудем. Мо аз мушкилот ва чолишҳои Тоҷикистон, ки хислати миллӣ ва минтақвӣ доранд, хуб воқиф ҳастем. Мо зимни мулоқот бо мӯҳтарам Президенти Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳо ва ҷанбҳаҳои ин масъалаҳоро мавриди муҳокимаи амиқ қарор додем. Ҷаноби Президент назари худро нисбат ба ин мушкилот ва ақидаи созандаи худро барои ҳалли ин мушкилоте, ки имрӯз мардуми кишвар ба он рӯбарӯ гардидаанд, муфассал пешкаш намуд», — тазаккур дод Луис Горатсио Гомес Ечеверрӣ.Ёвари Дабири кулли СММ гуфт, ки тайи ду рӯзи дигар дар Тоҷикистон мемонад ва зимни сафари худ бо вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дигар намояндагони расмии Ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ҷомеаи мададрасон мулоқоту музокирот хоҳад кард. Ҳадафи ин мулоқоту музокирот аз дарёфти роҳҳои самараноки афзунгардонии иқтидори кишвар барои қонеъ гардонидани талабот ва рафъи мушкилот дар ин самтҳо иборат мебошад. Ҳамчунин Луис Горатсио Гомес Ечеверрӣ зикр намуд, ки имрӯз дар миқёси олам бисмёр кишварҳое хастанд, ки бо мушкилот ва чолишҳои нерӯи барқ дучор гардидаанд. Маҳз ташаббусе, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун пеш гузошта шуд, бо худ се ҳадафро инъикос мекунад. Ин пеш аз ҳама, таъмини дастрасии фарогири нерӯи барқ, дуюм, рушди таъминоти барқ дар кишварҳои эхтиёҷманд ва сеюм, афзун гардонидани самаранокии таъминоти нерӯи барқ дар кишварҳо мебошад, ки пеш аз ҳама ҷавҳари ташаббуси энергияи устувор барои ҳама , инъикосгари ба ҳам пайвастани ҳар се ҳадаф ва инъикоси вобастагии зичи онҳо бо якдигар мебошад. Умуман ин мавзӯъ ва ин ҳадафҳо зимни мулоқот ва сӯҳбати созанда бо ҷаноби Президент мавриди баррасии тарафайн қарор дода шуд, тазаккур дод Луис Горатсио Гомес Ечеверрӣ«Мо аз ҷониби худ таъкид бар он намудем, ки татбиқи муваффақонаи ин ташаббус бо назардошти татбиқи ҳар се ҳадаф дар кишварҳо метавонад барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва вусъат бахшидани иқтидори кишвар барои таъмини дастрасии фарогири нерӯи барқ барои мардум мусоидати назаррас намояд. Умуман мо худ барои мушкилоти мардуми Тоҷикистон тӯли панҷ- шаш моҳ дар як сол аз норасоии нерӯи барқ хуб воқиф ҳастем, ки дар ин мавзӯъ ҷаноби Президент ба мо маълумоти муфассал доданд ва ман фикр мекунам, яке аз дигар стратегия ва ҳадафҳои асосие, ки имрӯз ташаббуси мо дар худ инъикос мекунад, ин таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика мебошад ва мо мутмаинем, ки ба ғайр аз тавлиди нерӯи барқ аз об, инчунин ин ташаббус метавонад барои дарёфти имконоти фаротар барои истеҳсоли нерӯи барқ чун нерӯи бодӣ ё офтобӣ низ нақши муҳим дошта бошад. Ниҳояти татбиқи муваффақонаи ин ташаббус метавонад барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон нақши калидӣ бозад»,- гуфт дар хотима Луис Горатсио Гомес Ечеверрӣ.

Апрель 19, 2012 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад