Соҳибкории занон дар Тоҷикистон

Апрель 26, 2012 10:35

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе Конфронси У1 ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон таҳти унвони «Созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони русиягии Тоҷикистон: замона ва дурнамои рушд» баргузор гардид. Иштирокдорони конфронс мақоми ҳамватанони русиягӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Мувофиқи суханони раиси Иттифоқи занон – ҳамватанони русиягии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода, соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ ба шарофати беҳдошти вазъи соҳибкорӣ дар кишвар рушд меёбад. Президенти мамлакат ва ҳукумати кишвар барои дастгирии соҳибкории занон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.Бо вуҷуди фароҳам овардани шароити иштироки занон дар фаъолияти соҳибкорӣ, қабули қонунҳо ва маблағгузории давлатӣ ҷиҳати додани қарзҳои хурди бефоиз, ҳанӯз ҳам проблемаю монеаҳои сари роҳи ташкили тиҷорат ба назар мерасанд.Иттифоқи занон бо назардошти ин тасмим гирифт, ки бо василаи роҳандозӣ намудани равобиту ҳамкорӣ, мушорикат ва тарбиятгирӣ ба фаъолияти иқтисодии ҳамватанони русиягӣ таъсири мусбат расонида, барномаҳои фаъолиятро дар доираи масъулияти корпоративӣ рушду густариш диҳад.

Апрель 26, 2012 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад