Соҳибкорони содиркунанда дастгирӣ мешаванд
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 26 апрел раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот Шимомура аз рафти иҷрои лоиҳаҳои барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи амалии «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» ва маблағгузории лоиҳаҳои «Фонди боварӣ» ба раиси вилояти Суғд маълумот дод.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд, ки дар бобати вусъат бахшидани тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мусоидат менамоянд.Қ. Расулзода қайд намуд, ки барои ривоҷи соҳибкории хурду миёна, афзун намудани содироти молу маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, ки дар натиҷаи рӯзи қабули шаҳрвандон ба миён меоянд, ба инобат гирифтани ин масъалаҳо дар таҳияи лоиҳаҳои минбаъдаи ин ташкилоти бонуфуз мувофиқи мақсад аст.Норимаса Шимомура дар робита ба ин изҳор дошт, ки худи дирӯз аз тарафи Ҳукумати Финляндия як лоиҳаи нав, ки махсус барои вусъат бахшидани тиҷорат, хосса барои дастгирии соҳибкороне, ки бо содирот ва истеҳсоли маҳсулот дар вилоят машғуланд, тасдиқ карда шуд ва он мавриди иҷро қарор мегирад.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






