Тағйирот ба Дастури ҷаласаҳои якҷояи ММ ва МН

Апрель 9, 2012 12:04

Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи худ, ки 9 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро баррасӣ карданд.Аъзои Шӯро ба ҷумлаи дуюми банди 2 моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2000 тағйироти зайлро ворид карданд: «Бо қарори раиси даъваткунандаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст вақти оғоз ва анҷоми ҷаласа тағйир дода шавад». Дар Шӯро ҳамчунин таъкид шуд, ки вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар низ бояд барои боз ҳам баланд гардидани сифати таҳияи қонунҳо иқдом намоянд. Зикр шуд, ки барои таҳияи чунин қонунҳо тамоми имконот ва шароит мавҷуд аст.

Апрель 9, 2012 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад