Тағйироти кадрӣ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои баланд дар мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Дар мувофиқат бо Сарвари давлат ба вазифаи Прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қулмаҳмад Арбобов таъин карда шуд. Араб Сидиқов Муовини аввали прокурори вилояти Суғд ва Амонҷон Рафиев Муовини прокурори ҳамин вилоят таъин шуданд. Прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Фархор, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори хадамоти пешгирии ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Темурмалик ва командири яке аз қисмҳои ҳарбии Қўшунҳои дохилӣ иваз карда шуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба муборизаи шадид бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва марбут бо маводи мухаддир, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ҳидоят намуд. Бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.Аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ талаб карда шуд, ки ба тарбияи хуби мутахассисони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо, арзу шикояти мардум ва таъмини волоияти қонун таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






