Таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд-Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 доир гардид. Аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вазири рушди иқтисод ва савдо, роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз Шариф Раҳимзода доир ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишаванда, яъне ҳадафҳои стратегию афзалиятҳои миллии кишвар, густариши ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои ҳамшарикӣ, ки дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 муайян гардидаанд, ибрози назар намуд. Дар рафти ҷаласа, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз, Умед Давлатзод перомуни масъалаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, таҳияи Стратегияи миёнамӯҳлати навбатӣ барои солҳои 2013-2015 гузориш манзур намуд ва дар бораи ҷараёни татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар доираи стратегияҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат суханронӣ кард. Умед Давлатзод дар мавриди равандҳои афзалиятноки минбаъда дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии зикргардида ва иқдомҳои мутобиқ ба таҳияи хуҷҷати мукаммал барои давраи миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ибрози ақида намуд. Ҳамчунин дар рафти ҷаласа бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз музокирот доир шуд ва перомуни сохтор ва консепсияи стратегияи мазкур таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






