Таҷлили ҷашни Ғалаба дар Суғд
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳминаи Ҷамолиддин). — Бо мақсади қадршиносӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ 9 майи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 67 — солагии Рӯзи Ғалаба ботантана таҷлил мегардад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, оро додани шаҳру деҳоти вилоят бо шиору овезаҳо, аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони барҷомонда ва оилаҳои сарбозони ҳалокгашта, ташкили вохӯриву мулоқот бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор намудани ҳашарҳо дар оромгоҳҳо, муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони ҷанг гузошташуда, гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» роҳандозӣ мегардад. Бояд гуфт, ки ба муносибати Иди Ғалаба ва таҷлили ботантанаи ҷашн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






