Тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон

Апрель 23, 2012 16:33

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).-Бо дастгирии “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013” дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 12200 нафар шаҳрванди бекор, муҳоҷири меҳнатӣ ва калонсолон ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.Ба иттилои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълими касбии соҳа маҷмӯан 8406 нафар шаҳрванд ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд, ки 3833 нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи барнома машғули омӯзишанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба пешгўии барнома 31,4 фоизро ташкил намуда, аз ҷумла дар ВМКБ 210 нафар, вилояти Хатлон 1158, Суғд 1129, шаҳри Душанбе 537 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 799 нафар шаҳрванд ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Аз шумораи умумии шаҳрвандоне, ки ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонӣ фаро гирифта шудаанд, 2345 нафарро занон ва 3157 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷаи барнома ба тайёрии касбӣ ҷалб шудаанд, 1263 нафар (32,9%) ихтисоси дӯзанда, 477 нафар (12,4%) ихтисоси кафшергари газу барқ, 676 нафар (17,6%) ихтисоси асосҳои омӯзиши компютер ва 1417 нафар (37,1%) дигар касбу ихтисоси коргарӣ ва хизматрасониро омўхтаанд.

Апрель 23, 2012 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд