Таълими «Суворовчиён»-и тоҷик дар Русия
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Дар доираи кори машваратии СҲШ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтои худ аз ФР Анатолий Сердуков мулоқот намуда, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таҳсили ҷавонони навраси тоҷик дар муассисаҳои таълими ҳарбии ФР- ро ба имзо расониданд»,- иттилоъ доданд аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати дифоъ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар асоси созишномаи мазкур таҳсил дар омӯзишгоҳҳои суворовӣ ва корпусҳои кадетии Вазорати мудофиаи Русия барои ҷавонони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.Дар айни замон ҷавонони тоҷик барои ба даст овардани донишҳои ҳарбӣ дар якчанд давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ФР ба таълим фаро гирифта шудаанд. Федератсияи Русия чун шарики стратегӣ дар омӯзиши ҷавонони Тоҷикистон барои ба даст овардани донишу малака дар соҳаҳои гуногуни илму техника саҳми арзанда дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






