Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз дар пойтахт

Апрель 12, 2012 09:56

Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар пойтахт Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Шӯрои мазкур бо мақсади татбиқи корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии пойтахт ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва тақвияти фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳр дар самти пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб созмон дода мешавад. Тибқи ин қарор ба ҳайати Шӯро муовинони раиси шаҳр, раисони чор ноҳия ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр шомил мешаванд. Вазифаи дигари Шӯрои ҳамоҳангсозии назди раиси шаҳр аз ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоту сохторҳои дахлдори пойтахт иборат аст. Аз натиҷаи фаъолияти Шӯро ва ҷаласаҳои он на дертар аз санаи 10-уми ҳар моҳ ба унвони раиси шаҳр маълумот пешниҳод мегардад. Назорати иҷрои қарори марбута ба зиммаи Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, ки тибқи қарор раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди раиси шаҳр таъин шудааст, вогузор гардидааст.

Апрель 12, 2012 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд