Таваҷҷӯҳи Қ. Расулзода ба рушди саноат

Апрель 12, 2012 17:17

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дидан кард. Нахуст раиси вилоят аз корхонаи «Яхмоси 33» дидан намуд. Ширкати мазкур соли 1997 таъсис шуда, фаъолияти кории худро аз истеҳсоли яхмос дар сехи хурд, воқеъ дар микроноҳияи 33 шаҳри Хуҷанд оғоз намуда буд.  Дар тӯли ин солҳо ширкат тавонист бо истеҳсоли моли хушсифат мавқеъи худро дар бозори дохилӣ мустаҳкам намояд ва аз як сехи хурд ба коргоҳи саноатӣ мубаддал гардад. Имрӯз дар коргоҳ зиёда аз 30 намуди маҳсулот, намудҳои гуногуни яхмос, самбӯсаҳои миллӣ, маҳсулоти нимтайёр, аз қабили тушбера ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти корхона дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ харидори худро дорад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ имрӯз дар вилоят корҳои назаррас амалӣ гашта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ барои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд, зеро ба туфайли ривоҷи соҳибкории хурду миёна ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти озуқаворӣ ва саноатии рақобатпазир дар бозор яке аз самтҳои асосии дурнамои давлату ҳукумати кишвар мебошад. Раиси вилоят ҳамчунин аз коргоҳи бофандагӣ ва дӯзандагии корхонаи хусусии Раҳимов дидан кард. Ин корхона аз ресмон матоъи пахтагӣ истеҳсол намуда, дар сехи дӯзандагӣ либосҳои варзишӣ истеҳсол менамояд. Либосҳои тайёр намудаи онҳо ба хориҷи кишвар содир мешаванд. Дар корхона 60 нафар кор мекунанд ва маоши миёнаи онҳо 600 сомониро ташкил медиҳад. Корхона алҳол технологияи нави банду баст ва тайёр намудани қуттиҳои қоғазиро ба роҳ мондааст. Корхонаи «Стар пласт» дар минтақаи озоди Суғд яке аз аввалин корхонаҳоест, ки ба сохтани қубурҳои обгузари пластикӣ машғул шуд. Маҳсулоти корхона аллакай дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он барои иваз кардани қубурҳои обгузар васеъ истифода мешавад. Дар «Стар пласт» истеҳсоли сатилҳои пластикӣ ва қуттиҳои пластикӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар анҷоми сафар раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз корхонаи муштараки тоҷикиву туркии «Силикот боя» дидан намуд. Корхонаи муштарак ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ машғул аст. Он бо технологияи туркӣ маҳсулот барои рангубор ва пардози иншооти сохтмонӣ истеҳсол менамояд. Алҳол маҳсулоти корхона ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афғонистон содир мешавад.

Апрель 12, 2012 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид