Тоҷикистону Озарбойҷон шоирону олимони муштарак доранд

Апрель 26, 2012 13:38

  Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим оғли Гасанов эътимоднома қабул намуд.
Баъди маросими эътимодномасупорӣ Аббосалӣ Карим оғли Гасанов андешаҳояшро чунин иброз дошт: алъон эътимодномаи худро ба унвони сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пешниҳод намудам. Баъди ин маросим бо оғои раисҷумҳур як ҷаласаи бисёр муҳиму арзанда доштем. Тавре ки медонед, мардуми Тоҷикистон ва мардуми Озарбойҷон аз қадимулайём равобити бисёр дӯстона доштанд. Дар тамоми соҳаҳо- иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ дар тӯли таърих мо ҳамеша равобити наздик доштем. Новобаста ба он, ки байни Озарбойҷону Тоҷикистон фосилаи ҷуғрофӣ вуҷуд дорад, вале равобитамон ҳамеша хубу самимӣ буд. Чун имрӯз бо дӯстон сӯҳбат мекунам, мебинам, ки он донишмандон, шуаро, уламое, ки ҳам барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам барои мардуми Озарбойҷон мояи ифтихор ҳастанд, дар ҳарду кишвар маъруфанд. Низомии Ганҷавӣ аз шоиронест, ки дар мактабҳои мо шурӯъ аз синфи 3-4 тадрис мешавад. Н. Ганҷавӣ ҳам ифтихори мардуми Озарбойҷон ва ҳам ифтихори мардуми Тоҷикистон аст. Низомӣ дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон ба дунё омадааст, тарбия ёфтааст ва ҳам эҷод кардааст. Ва устод Ганҷавӣ имрӯз боиси ифтихори ҳарду миллат аст. Муҳаммад Фузулӣ, Соиби Табрезӣ, Низомӣ ва дигар адибон дар ҳар ду кишвар маҳбубанд. «Имрӯз ҳам раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳам Президенти Тоҷикистон дастуре, ки ба мо доданд, ин аст, ки дар тамоми заминаҳо равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории судманди байни ду кишвар тақвият дода шавад. Ин масъала дар мулоқоте, ки бо ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон доштем, бори дигар зикр гардид. Ман бовар дорам, ки дар натиҷаи кӯшишҳои тарафайн фосила байни ду кишвар наздик ва дӯстии мо боз ҳам устувор хоҳад гашт ва боиси хурсандист, ки байни Боку ва Душанбе парвози мустақими ҳавоӣ барқарор хоҳад шуд» , тазаккур дод дар охир Аббосалӣ Карим оғли Гасанов.

Апрель 26, 2012 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст