Вазорати энергетика ва саноат эътироз баён мекунад

Апрель 6, 2012 08:38

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Дар рафти баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи поёнии парлумонӣ, вакил Сӯҳроб Шарипов нисбат ба фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эрод гирифтааст. Вазорат иброз медорад, ки С. Шарипов солҳои тӯлонӣ ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, мутаассифона, нисбат ба сиёсати муайяншудаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин самт корҳое, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба анҷом расидааст, беиттилоӣ изҳор менамояд ё ин ки баҳои беасос медиҳад.Вазорат вобаста ба мавқеъгирии С. Шарипов иброз медорад, ки ӯ аз дастовардҳои соҳа бехабар буда, метавонист ҳамчун вакил ё ин ки шаҳрванд доир ба дастовардҳои соҳаи энергетика ва саноат аз вазорат маълумоти дақиқ дастрас намояд. Шурӯъ аз соли 2000-ум соҳаи ангишт аз пастравӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Вазорат бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, шумораи корхонаҳои соҳаро аз 2 ба 14 адад расонад. Истихроҷи ангишт аз 20 ҳаз. ба 236 ҳаз. тонна дар як сол расонида шуд.Ин шароит фароҳам овард, ки 80 корхонаи соҳаи саноати маводи сохтмон, 27 корхонаи металлургӣ, 17 корхонаи консерв, 6 корхонаи семент, 1 корхонаи шиша ва дигар соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ монанд, ки ин вобастагии онҳоро аз гази табиӣ ва қувваи барқ озод намуда, ба фаъолияти мунтазами онҳо мусоидат намуд. Ҳамзамон технологияи коркарди хокаи ангишт барои истеҳсоли брикет ва аз ангишт истеҳсол намудани газ ба роҳ монда шуд. Тавре ки ба назар мерасад, бо дарки мушкилоти нерӯи энергетикӣ, Вазорат барои гузаронидани корхонаҳои саноатӣ ба истифода аз ангишт қабл аз ҳолати имрӯза, яъне пурра қатъ гардидани гази табиӣ ба кишвар, боло рафтани арзиши маводи сӯзишворӣ якчанд сол қабл оғоз намуда, шумораи умумии ин гуна корхонаҳоро ба 131 адад расонид. Ба соҳа зиёда аз 7 млн. сомонӣ дастгирии молиявии давлатӣ ва 14 млн. доллари ИМА сармоя ворид карда шуд, ки ин пояи техникии корхонаҳоро мустаҳкам намуд. Воридоти техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 35 ба 213 адад расонида шуд. Дар соҳаи нафту газ маҳз баъд аз таъсиси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ аввалин бор дар бист соли охир корҳои иктишофиюгеологӣ оғоз гардидааст. Раванди технологӣ собит менамояд, ки гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ, натиҷабандӣ намудан, пармакунӣ ва оғози он хеле кори заҳматталаб буда, дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонидани он номумкин аст. Ба ин танҳо мутахассисон воқеъбинона баҳо дода метавонанд. Дар айни ҳол дар соҳа 11 ширкат, аз ҷумла ширкатҳои «Газпром», «Кӯлоб Петролиум Лимитед», «Сомон Ойл», ҶМММ «Петролиум Суғд» барои таъмини кишвар бо нафту гази табиӣ фаъолият менамоянд. Бо истифода аз имконият, нафти хоми истеҳсолшуда дар корхонаҳои коркарди нафти «Шоҳон» ва «Ҳасан К» коркард шуда, мазут ба Маркази барқугармидиҳии шаҳри Душанбе, бензин ва маводи сӯзишвории дизелӣ ба бозор бароварда мешавад.Дар баробари фаъолияти ҳамарӯза кормандони вазорат бо Кумита доир ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич қарор доранд. Мутахассисони вазорат дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» ва «Дар бораи нафту газ» ки аз тарафи вакилони маҷлиси намояндагон Нозимов М., Каримов М., Шабдолов Ш.Д. таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва комуникасияи Маҷлиси намояндагон Катаев Ҳ. А. таҳия гардида буд, фаъолона иштирок намуданд. 04.04.2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» қабул гардид. Ёдовар мешавем, ки баррасии қонуни мазкур, ки бори аввал 07.03.2012 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз рӯзномаи ҷаласа бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Зуҳуров Ш. З. бо сабаби он, ки вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ иштирок надошт, хориҷ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ба ин ҷаласа даъват нашудааст, балки тибқи дархости Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон муовини вазири энергетика ва саноат, сарпарасти соҳа иштирок намуд. Доир ба ин масъала вазорат мавқеи худро бо мактуби № 55 м аз 13.03.2012 ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.Вобаста ба масъалаи сохтмони МБГ-2 иброз медорем, ки бо ширкати чиноии «ТВЕА» созишнома ба имзо расида, бинобар тӯл кашидани масъалаи марбут ба захираҳои маъдан дар майдонҳое, ки ба нақша гирифта шудаанд, тибқи дархости Бонки Рушди Чин, ки бояд ба ширкати чиноии «ТВЕА» қарзи имтиёзноки дарозмӯҳлат ҷудо намояд, ҳалли масъалаҳои мазкур ба таъхир афтод. Дар айни ҳол корҳо дар ин самт дар марҳилаи анҷомёбист. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи энергетика ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҷумҳурии мо ба комёбиҳои назаррас ноил хоҳад гардид.Котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ

Апрель 6, 2012 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст