Вохӯрии судманд бо гирандагони идрорпулӣ
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли таҳсили 2011-2012 дар шаҳри Ваҳдат аз шумораи беҳтаринҳо 8 нафар хонандагону донишҷӯён ба гирифтани идрорпулии президентӣ ва 40 ба нафар гирифтани идрорпулии раиси шаҳр мушарраф гардиданд. Мунтазам баргузор гардидани мулоқоти раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин бо гирандагони идрорпулиҳо ба сайқал ёфтани дониши онҳо ва ҳавасманд гардидани дигар хонандагон мусоидат менамояд. Чанде қабл вохӯрии навбатии шаҳрдор бо гирандагони идрорпулӣ ва падару модари онҳо сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ доир ба таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, таъсиси гурӯҳҳо аз ҳисоби гирандагони идрорпулӣ барои вохӯрӣ бо хонандагони дигар мактабҳои шаҳру деҳот сухан рафт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






