Ярмаркаи солонаи таълимӣ

Апрель 2, 2012 17:17

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 2012 дар бинои Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ярмаркаи солонаи таълимиро мегузаронанд. Дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷўён, мактаббачагон ва мутахассисони ҷавон ташкил мекунанд, имконият дода мешавад, то дар бораи барномаҳои таълимие, ки дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз он мавҷуданд, иттилооти зарурӣ ба даст оранд. Дар ярмарка Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳо ширкат мекунанд.Дар чаҳорчўбаи ярмаркаи солонаи таълимӣ намояндагони ташкилотҳо дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмўи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кўмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ мегузаронанд. Ярмаркаи таълимӣ аз соли 2001 оғоз гирифта, имсол даҳумин маротиба барпо мегардад. Соли 2011 тақрибан 4000 нафар дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Апрель 2, 2012 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад