Ярмаркаи таълимии Русия дар Душанбе
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 5 апрел дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ — ярмаркаи якуми байналмилалии «Маорифи Русия. Душанбе – 2012» ба кораш шурӯъ намуд. Қабл аз ифтитоҳи расмии ярмаркаи таълимӣ дар Вазорати маорифи ҶТ мулоқоти намояндагони донишкадаҳои олӣ бо вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова, роҳбари Намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ Сергей Киселёв ва роҳбарони ҳамаи раёсатҳои Вазорати маорифи ҶТ иштирок доштанд.Вазири маориф аз комёбиҳо дар бахши рӯи кор овардани технологияҳои муосир дар раванди таълими донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ нақл кард.Сипас маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ярмаркаи таълимӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири фарҳанги ҶТ Фароғат Азизӣ, мушовир – элчии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ваниев, намояндагони ҳайати Русия, сардори Раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А.И.Гертсен Виктория Воронсова ширкат доштанд.Хотирнишон месозем, ки дар ин тадбир 8 донишкадаҳои олии техникию гуманитарии Русия иштирок доранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






