1000 тонна тухмии картошка вориди Бадахшон гардид

Май 11, 2012 16:35

Хоруғ, 11 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). –Соли ҷорӣ бори нахуст миқдори зиёди тухмии картошка вориди Бадахшон гардид. Дар ду – се соли охир дастрас намудани тухмии картошка мушкил шуда буд зеро дар ин муддат ба вилоят тухмӣ кам меоварданд. Мардум маҷбур мешуданд, ки тухмии пастсифатро дар заминҳои наздиҳавлигиашон кишт кунанду дар натиҷа ҳосили паст гиранд. Тавре ки сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ Назрӣ Назриев иттилоъ дод, соли ҷорӣ танҳо аз ноҳияи Ғончӣ аз тариқи Вазорати кишоварзӣ 500 тонна тухмии хушсифати картошка ба Бадахшон оварда шуд. Ҳамин миқдор тухмиро низ соҳибкорон ва такшкилотҳои гуногун вориди Бадахшон намуданд.

Май 11, 2012 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад