Ғаллазорҳоро аз оташ ҳифз намоем
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола бо сабабҳои риоя накардани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бемасъулиятии аксар шахсони масъул садҳо тонна хӯроки дурушти чорво ва ғалладона ба коми оташ кашида мешавад. Мутаассифона, таҳлили ҳаррӯзаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳангоми ғунучин ва кашонидани хӯроки дурушти чорвою ғалла риоя намекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии рух додани сӯхтор- ин оташбозии кӯдакон дар назди майдонҳои ҳосил, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайнҳову тракторҳо ва дигар техникаи ёрирасон, набудани шарорагир дар дудбарои техникаи ҳосилғундор ва ҳатто аз муоинаи фаннӣ нагузаронидани техника мебошад.Кормандони Хадамоти оташнишонии ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии ШКД-и ноҳияву шаҳру вилоятҳо ҳамасола рейдҳои муштарак мегузаронанд. Аз ин лиҳоз, дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ умуман аз шахсони масъул ва деҳқонони оддӣ хоҳиш менамоем, ки ба қоидаҳои оддитарини бехатарӣ аз сӯхтор риоя намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






