Қонун «Дар бораи криптография» қабул мегардад
Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография»-ро аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шўро, ки 14 май таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати таҳкими раванди дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия шудааст. Ҳадафи он танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ташкил ва истифодаи воситаҳои криптографӣ ҳангоми додугирифт ва нигоҳдории иттилоот тавассути шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашудаи коммуникатсионӣ ва воситаҳои барномавию техникӣ буда, қоидаҳои истифодаи воситаҳои криптографиро аз ҷониби мақомоти давлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






