Ҳадди ниҳоии нафақа 30% афзоиш меёбад
Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуданд. Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар назди вакилон моҳияти ворид намудани тағйиротро ба қонуни мазкур шарҳ дода гуфт, ки ҳадафи он аз байн бурдани вобастагии зиёдшавии андозаи ҳадди ақали нафақа ва музди меҳнат дар кишвар аст. Тағйироти мазкур аз Паёми Президенти мамлакат ба парлумони кишвар, ки 20 апрели соли равон сурат гирифта буд, сарчашма мегирад. Бояд зикр кард, ки соли равон барои маблағгузории бахши иҷтимоӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ равона мегардад, ки танҳо 3,4 миллиард сомонии онро музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо ба аҳолӣ ташкил медиҳанд. Шурўъ аз 1 сентябри соли равон бо назардошти рушди иқтисодиёти кишвар музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ- мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон — 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф — 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ — 30 фоиз зиёд мешавад. Ҳамзамон бо ин идрорпулиои донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ — 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синн ба андозаи 30 фоиз зиёд мешавад ва нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаву аз 150 сомонӣ каманд, ба 150 сомонӣ хоҳанд расид. Яъне, шурўъ аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафақаи қариб 380 ҳазор нафар зиёд шуда, ба 150 сомонӣ мерасад, ки барои маблағгузории онҳо беш аз 350 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ равона мешавад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






