Ҳайати Аврупоӣ ба Душанбе омад
Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати намояндагони парлумони Аврупо субҳи имрўз таҳти роҳбарии Паоло Бартолотси, аъзои фраксияи ҳизби мардумии Аврупо, роҳбари Кумитаи ҳамкориҳои парлумонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омад. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати парлумони Аврупо аз 9 нафар — Паоло Бартолотси, Николо Риналди, Герберт Дорфман (Италия), Никол Килл-Ниелсен (Фаронса), Алфред Рубикс (Латвия), Марк Тарабелла (Белгия), Катарина Неведалова (Словакия), Кармен Ромеро Лопес, Инес Аяала Сендер (Испаниё) иборат аст. Ҳадафи сафари ҳайат ба Тоҷикистон иштирок дар кори ҷаласаи дуюми кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо мебошад. Интизор меравад, ки ҳайати парлумони Аврупо дар ҳошияи сафари худ ба Душанбе бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ- Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, аҳзоби сиёсӣ, ВАО ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот намояд. Ҳайати парлумони Аврупо ҳамчунин дар семинаре, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намуда, аз нерўгоҳи « Норак» боздид менамояд, бо лоиҳаи «Паноҳгоҳ барои духтарони осебпазир», воқеъ дар ноҳияи Ҳисор ва лоиҳаи «Сиёсати ҷавонон зидди тундгароӣ» (дар Душанбе) ошно мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






