Ҳалокати як нафар бар асари сел дар Панҷакент
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент Мавлонбердӣ Раҷабалиев 11 май дар ин ҷамоат бар асари боришоти зиёд сел омада, ба сокинони он зарари ҷониву молӣ расонидааст. Вай афзуд, ки дар ин офати табиӣ сокини деҳаи Вағаштони ҳамин ҷамоат Аббос Нусратуллоеви 6- сола ҷон бохта, чанд нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол дода шудаанд. Ҳамчунин бар асари ин боришот беш аз 10 километр роҳи ҷамоати мазкур хароб гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






