Ҳарифи Мавзуна Чориева-чемпиони ҷаҳон
Душанбе,21 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Кэти Тейлори ирландӣ, ки дар даври нимниҳоӣ бар Мавзуна Чориева ғолиб омада буд, дар вазни то 60 кг баъди пирӯзӣ дар финали мусобиқа бар София Очигаваи рус бо ҳисоби 11:7 бори чаҳорум унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб шуд. Очигава бо медали нуқра, Мавзуна Чориева ва Наташа Ҷонас (Британия) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар ин чемпионат, ки дар Чин ба анҷом расид, инҳо ғолиб омаданд:Ҷоси Габуко (Филиппин ,48), Канкан Рен ( Чин,49-51), Александра Кулешова (Русия, 54), Ничелли Браун (Амрико, 54), Пёнг Пак (Кореяи Шимолӣ,54), Мария Бадулина (Украина, 64), Саваннаҳ Маршал ( Инглистон, 75), Мейҷинг Юан ( Чин, 81) ва Юнсей Ли (Чин +81).








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






