Ҳ. Зарифӣ дар ҳамоиши НАТО
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар»). – 21 май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳамоиши НАТО дар шаҳри Чикагои ИМА иштирок намуд. Кишварҳои аъзои НАТО, аъзои Қувваҳои байналмилалии мададгори амният ва мамлакатҳои ҳамкор барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват шуда буданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди ҷаласаи кории ҳамоиш дар иҷлосияи мизи мудаввари байни ҳайатҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта иштирок намуд.Иштирокдорони ҷаласа вазъияти Афғонистон ва ҳамкории минбаъда дар давраи гузариш баъди аз ин кишвар баровардани қӯшунҳои Қувваҳои байналмилалии мададгори амниятро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳ.Зарифӣ мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди дидани чораҳои минбаъда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон баён намуд. Худи ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои худ аз Зеландияи Нав Марри Маккалли мулоқот анҷом дод. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъи ҳозираи муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Зеландияи Нав, ҳамчунин ҳамкории ҳар ду кишвар дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.Вазири корҳои хориҷии ҶТ ҳамчунин бо муовини ёвари вазири мудофиаи ИМА оид ба масъалаҳои Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Дэвид Сидни мулоқот анҷом дод. Мусоҳибон масъалаҳои ҳамкории байни Тоҷикистон ва ИМА оид ба Афғонистон, муборизаи зидди терроризм ва маводи нашъаовар, кӯмаки ИМА ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани сарҳадот ва ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои ҳарбии Амрико дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






