Ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз доир ба МОИ

Май 28, 2012 16:48

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз доир ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласа таҳти дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҷиҳати ҷалби сармоя ва фаъолияти шарикони рушд дар самти равнақи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ доир шуд. Дар ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафир Ивар Викки, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои муқими ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамоҳангсоз маълумоти мухтасар доир ба тадбирҳои анҷомдода ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамоҳангсоз доир ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 сентябри соли гузашта дар шаҳри Қайроққум баргузор гардида буд ва ҳамчунин ифтитоҳи шӯъбаи консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар вилояти Суғд шунида шуд. Муаррифӣ ва иттилоот доир ба корҳои анҷомдода ва монеаҳои мавҷуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» доир гардида, доир ба ин масъала иштирокдорони ҷаласа табодули назар карданд. Мавриди ёдоварист, ки то имрӯз дар «Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»» 18 субъект, дар «Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»» 5 субъект ва дар «Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»» 2 субъект ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии сармояе, ки онҳо мутобиқи нақшаи тиҷоратӣ бояд ворид намоянд, бештар аз 70 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Май 28, 2012 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд