Ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар ҶИЭ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 26-29 майи соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи нӯҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.Ҳайати тоҷикистонии комиссияро вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва ҳайати қисми эронии комиссияи мазкурро вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон — Маҷиди Номҷӯ роҳбарӣ намуданд. Зимни шурӯи ҷаласа ҳамраиси қисмати тоҷикистонии комиссия вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи кунунии рушди муносибатҳои ҳар ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар дар соҳаҳои гуногун, густариши мунтазами муносибатҳои иқтисодӣ , ба роҳ мондани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои гуногун ибрози андеша намуд. Ҳамраиси қисмати эронии комиссияи мазкур, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон — Маҷиди Номҷӯ бо пазироӣ аз ҳайати Тоҷикистон аз равобити дӯстонаи ду кишвар, тавсеа ва густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, талошварзиҳои минбаъдаро дар ин ҷода таъкид намуд.Дар ҷаласаи 9-уми комиссия самтҳои гуногуни ҳамкорӣ , аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ , энергетика ва саноат, ҳамлу нақл, тандурустӣ , молия, маориф, фарҳанг, илм, таҳқиқот ва технология мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд. 29 -уми майи соли 2012 Протоколи ҷаласаи нӯҳуми комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ , иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар ҳузури намояндагони ҳар ду тараф ба имзо расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






