Ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии чор кишвар дар АМА
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-17 майи соли равон таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи АМА ҷаласаи байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи «CASA-1000»- Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон идома дорад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар рафти ҷаласаҳо масъалаҳои вобаста ба таркиб ва маблағгузории лоиҳа баррасӣ мешаванд. Дар айни замон лоиҳа аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки сохторҳои молиявӣ ва сармоягузорони дигар метавонанд дар татбиқи лоиҳа иштирок намоянд. Дар ин робита бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ба ҷаласа як қатор сохторҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои араб, аз ҷумла Фонди ОПЕК доир ба рушди байналмилалӣ (OFID), Фонди саудии рушд, Фонди рушди Абу Дабӣ ва Фонди кувайтии арабии рушди иқтисодӣ бо мақсади мусоидат ба лоиҳаи «CASA-1000» даъват шудаанд. Ёдовар мешавем, ки чор кишвари Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон , Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон) имконияти якҷояи худро баҳри пайвастани хатҳои барқи миллии кишварҳои худ таҳти лоиҳаи муштарак «CASA-1000» равона намудаанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои содир намудани барқи иловагии тавлидшавандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозори Покистон ва Афғонистон, ки ин кишварҳо аз нерӯи барқ танқисӣ мекашанд, имкон медиҳад. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар татбиқи лоиҳа истифодаи технология ва таҷҳизоти муосир дар назар дошта шудааст. Дар ҷаласа протоколҳои ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ ва Шӯрои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.Ёдовар мешавем, ки ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ, Ҷумҳурии Қирғизистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Нурлан Айтмурзоев, Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро вазири энергетика ва захираҳои об Муҳаммад Исмоилхон, Ҷумҳурии Исломии Покистонро вазири энергетика ва захираҳои об Саид Навид Қамар роҳбарӣ мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






