Ҷашнгоҳи Рўзи ҷаҳонии муҳити зист куҷост?
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5 июн дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад. Бобати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин сана шаҳрдори Душанбе қарор ба тасвиб расонд, ки дар асоси он 5 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дўстии халқҳо»-и Душанбе Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мешавад. Шаҳрдорӣ ҳамзамон дар доираи татбиқи барномаҳои экологӣ дар пойтахт, баргузории як қатор чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст. Доир намудани амалиёти «Тозагии соҳил» дар каналу селпартоҳо ва ҳавзаҳои дар ҳудуди пойтахт буда ва амалиёти «Тозагии маҳал» дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр далели ин гуфтаҳост. Инчунин дар ин давра дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, маърифати экологии сокинон такмил дода мешавад. Ташкили сўҳбату мизи мудаввар дар мавзўи маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ, ба намоиш гузоштани «Гӯшаҳои табиат», расмҳо дар мавзӯъҳои экологӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ бо иштироки фаъолони гурӯҳи «Патрули сабз» номгўи дигари чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар робита ба таҷлили Рўзи ҷаҳонии муҳити зист аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






