Ҷоми президенти АФК: ба Душанбе марҳабо!
Душанбе, 2 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Аз рӯзи 5 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи интихобии Ҷоми президенти АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ва «Балкан»-и Туркманистон оғоз мегардад. Футболбозони дастаи “Балкан” аллакай ба Душанбе ҳозир шуданд. Дар мусобиқаи мазкур гузаронидани бозии лотерея аз ҷониби масъулини бозиҳо таҳия шудааст, ки ду мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-21015, се скутер (дучарха) ва техникаи маишӣ дар вохӯрии байни дастаҳои “Истиқлол” бо «Ал-Амарӣ» (7-уми май) ва «Балкан» (9-уми май) ба бозӣ гузошта хоҳанд шуд. Сарпарастии кулли бозиҳои интихобии Ҷоми раиси АФК дар Душанберо Ширкати мобилии TCELL ба ӯҳда гирифтааст. Оғози бозиҳо соати 16 муқаррар шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






