15 лоиҳа ба маблағи 3,5 млн. евро
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Марҳилаи дуюми «Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон» то 30-юми апрели соли 2013 татбиқ мегардад. Маблағи ин лоиҳа танҳо ба соҳаи маориф равона шудааст. Бино ба гуфти муовини вазири маориф оид ба корҳои сохтмон Фатҳиддин Исмоилов, дар айни замон аз рӯи 15 лоиҳаи «Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон» сохтмони биноҳои мактабҳо дар чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон идома дорад.Дар назар аст, ки то оғози соли хониши 2012-2013 сохтмони мактабҳо дар масоҳати 8 ҳазору 694 метри мураббаъ барои 2 ҳазолру 736 ҷойи нишаст аз рӯи лоиҳаи мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ба иттилои манбаъ, буҷети умумии марҳилаи дуюми «Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон» 13 млн. 578 ҳазору 544 евро пешбинӣ шудааст.Бояд ёдовар шуд, ки дар марҳилаи 1-уми ин барнома (солҳои 2005-2009) 24 лоиҳа дар соҳаи маориф маблағгузорӣ шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






