Ба газу нафт наздик мешавем
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуотии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд (ҶДММ)-и «Ширкати пармагари Оренбург»-и Газпром Интернатсионали ФР корҳои пармакунӣ барои пайдо кардани нафту газ дар майдони Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав идома дорад.Ба иттилои манбаъ, корҳои пармакунӣ дар ин чоҳ аз 4 ҳазор метр гузашт. Барои пайдо кардани газу нафт дар чоҳи «Шаҳринав-1п» боз 2 ҳазору 300 метр чоҳ кофтан зарур аст.Тибқи маълумоти пешакӣ, мутахассисон захираи газро дар майдони Сариқамиш дар ҳаҷми 18 млрд. метри мукааб ва нафтро ба миқдори 17 млн. тонна ва гази моеи таркиби нафтро дар ҳаҷми 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мекунанд.Аз рӯи маълумоти геологӣ, корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п» дар шароити душвори геологӣ сурат мегирад, зеро ин ҷо минтақаи кӯҳӣ буда, релефи мураккаби геологӣ вуҷуд дорад. «Бо вуҷуди мушкилот корҳои пармакунӣ пеш аз мӯҳлат анҷом ёфта, захираи фаровони нафту гази Сариқамиш ба даст оварда мешавад»,- бо боварӣ мегӯянд дар ширкати Газпромнефти ФР.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






