Ба пешвози 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Сайнуриддин Сафаров, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ 25 –уми майи соли равон бо иштироки роҳбарияти Шӯрои адлия ва кормандони дастгоҳи он, судяҳои суди ҳарбӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.Сараввал, Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов ҳозиринро бо наздик омадани ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки моҳияти «Ваҳдат» дар радифи вожаҳои ватан-модар ва сулҳ барои мардуми мо ниҳоят муқаддас мебошад. «Ваҳдат — ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ ва якпорчагӣ мебошад. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳифз ва пойдор гардида, вазъи ҷамъиятю сиёсӣ мӯътадил, сулҳу суботи комил ва амнияти давлат таъмин карда шуд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар низоми идораи давлат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии он, дар тафаккури сиёсии ҷомеа, худогоҳӣ ва ҷаҳонбинии мардум тағйироти азиме ба вуқӯъ пайваст.Дар ин замина, судҳои ҷумҳурӣ дар мустаҳкамӣ ва пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкиму пойдории истиқлолияти давлатӣ бо роҳи қабули қарору қонунҳои одилона саҳми арзанда гузоштанд»,- иброз дошт раиси Шӯрои адлия З.Азизов. Ҳокимияти судӣ вобаста ба таъмини адолати судӣ, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тадбирҳои ҳадафмандро анҷом медиҳад.Зафар Азизов ҳамчунин изҳор намуд, ки ҳамагонро зарур аст то дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати миллиро муқаддас дониста, бо қадрдонӣ аз он волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намуда, фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҷоннок намоянд. Ҳамчунин баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, бандитизм, экстремизми сиёсию мазҳабӣ, оқибатҳои даҳшатовари ин қабил ҷиноятҳо ва қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма мардумро ҳушдор диҳанд.Раиси Шӯрои адлия таъкид намуд, ки судҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ саҳми бештар гузошта, мурофиаҳои сайёри судиро вобаста ба баррасии ҷиноятҳои вазнин бештар ташкил намоянд.-Таъмини волоияти қонун ба мо даст медиҳад, ки дар ташкили ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд марҳила ба марҳила комёб гардида, истиқлолияти давлатиро комилан ҳифз намоем,- таъкид намуд раис.Бо баракати истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёбии бештарро сазовор гардид. Сипас, дар рафти баргузории маҷлис муовини сардори раёсати судҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Р Бурҳонов дар мавзӯи «Ҳалли масоили ҳуқуқӣ дар раванди музокироти тоҷикон ва нақши онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ», мутахассиси пешбари бахши судҳои иқтисодии Раёсати судҳои дастгоҳи Шӯрои адлия А. Ҷабборов — «Ваҳдати миллӣ – сарчашмаи ҷомеаи адолатпарвар», мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳои Шўрои адлия Ш. Насриддинова — «Нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ», судяи суди шаҳри Душанбе М.Ш.Саидова дар мавзӯи «Таъмини пойдории Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа» ва судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе А.Каримов дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллии халқи тоҷик» Сухан гуфта, андешаҳои ҷолиби худро баҳри таҳкиму пойдории ин ҷашни муқаддас иброз доштанд.