Барқияи табрикотии Э.Раҳмон унвонии И.Алиев

Май 30, 2012 09:57

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла, чунин омадааст:Мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон Шумо ва халқи дӯсти Озарбойҷонро бо қаноатмандии бузург муборакбод менамоям. Хурсандибахш аст, ки тайи солҳои баъди ин воқеаи бароямон таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон муносибатҳои мавҷудаи чандинасраи дӯстӣ ва некхоҳии мутақобилаи байни халқҳояшонро собитқадамона ривоҷ медоданд. Бо саъю кӯшишҳои якҷоя таҳкурсии муносибатҳои байнидавлатӣ — заминаи шартномавию ҳуқуқӣ гузошта, ба кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ибтидо гузошта шуд, робитаҳои фарҳангию гуманитарии ду кишвар тадриҷан мустаҳкам мегарданд, муколамаи сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ривоҷу густариш меёбад. Ин дастовардҳо, ки дурнамои хуби рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Озарбойҷонро фароҳам меоранд, ба мо ҳамаи асосҳоро медиҳанд, ки ба оянда дилпурона назар кунем. Омодагии хешро ба фаъолияти минбаъдаи муштарак ҷиҳати ба ҳамкории кишварҳоямон бахшидани мазмуни нав иброз дошта, ба Шумо, мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом, дар фаъолияти масъулиятнокатон беҳбудию муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Озарбойҷон сулҳу дастовардҳои навро дар амри татбиқи сиёсати миллӣ баҳри пешрафту шукуфоӣ орзу мекунам.Дар ин бора дар дафтари матбуоти Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 30, 2012 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад