Барқияи табрикотии И.Алиев унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Чумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Дар робита бо ин воқеаи фархунда Шуморо муборакбод намуда ва орзуҳои самимонаю беҳтаринро ба халқи дӯсту бародари Тоҷикистон иброз медорам. Озарбойҷон муносибатҳои мустаҳками дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тайи солҳои гузашта арзи вуҷуд доштанд, ба дараҷаи баланд қадр мекунад. Мехоҳам бо камоли қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи бист соли гузашта ба мо муяссар гардид, ки муносибатҳои анъанавии дӯстию бародарии миёни кишварҳоямонро ҳамаҷониба ривоҷ диҳем. Мо азм дорем, ки робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва робитаҳои дигарро минбаъд ҳам дар заминаи принсипи фоидаи мутақобила густариш диҳем. Итминони комил дорам, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштарак ҳамкории байни кишварҳоямон минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон ривоҷ ёфта ва мустаҳкам мегарданд.Мӯҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ба халқи Шумо беҳбудӣ, рушди собитқадамона ва пешрафти кишваратонро таманно дорам. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






