Баррасии масоили хизмати давлатӣ

Май 3, 2012 15:35

Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ семинари амалӣ бо кормандони хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар мавзӯи «Масъалаҳои хизмати давлатӣ ва кор бо кадрҳо» баргузор гардид.Дар семинар Гурез Қосимов– муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати кадрҳо А. Шарифов ва Ш.Орумбеков иштирок намуда, дар бораи ҳолати иҷрои Барномаи татбиқи консепсияи сиёсати давлатии кадрҳо барои солҳои 2009-2016 ва натиҷаи баргузории баҳодиҳии фаъолият, ҷойивазкунӣ (ротатсия), озмун, аттестатсия, кор бо захираҳо дар соли 2011 сухан гуфтанд.Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути татбиқи ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.Хотиррасон мекунем, ки семинари мазкур тибқи дастуру нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён шудааст, баргузор гардид.

Май 3, 2012 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад