Баррасии масоили пешгирии қочоқи маводи мухаддир
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷаноби Амҷад Ҳусайн Б.Сиал доир гардид.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мавриди изтироби Ҳукумати Покистон доир ба рушди тавлиди маводи нашъадор дар ҶИА, ташкили чорабиниҳои якҷояи пешгирии қочоқи мухаддирот аз Афғонистон баррасӣ шуданд.Сафир дар навбати худ пешниҳод намуд, ки имкониятҳои дар нимаи дуюми соли 2012 дар Покистон баргузор намудани ҷаласаи таҳияи амалиёти муштарак бо кишварҳои ҳаммарз бо ҶИА ва ширкат дар кори он дида баромада шавад.Ҷонибҳо ҳамчунин тадбири дуҷонибаи ҳамкориҳо ва имкониятҳои ҷараёни вазъи нашъамандӣ дар минтақа баъди хуруҷи нерӯҳои иттиҳод аз Афғонистонро муҳокима карданд.Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои самаровари минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






