Баррасии Паём дар дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон

Май 3, 2012 16:19

Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар маҷлисгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012» мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, музокираҳо доир гаштанд.Ҳадафи ҷамъомад омӯзишу таҳлили ҳамаҷониба ва дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи амалии бандҳои дахлдори «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» буда, ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти мардум истифода мешавад. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ализода гуфт, ки мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон мақомоти мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва муроҷиати шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас меандешад.Бояд зикр кард, ки соли равон барои мардуми кишварамон соли ҷашнҳои бузурги таърихӣ мебошад. Имсол ду ҷашни муҳим- 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва 15-солагии Ваҳдати миллӣ таҷлил мегарданд. Дар ҷамъомад ҳамчунин Р. Бадридинова–сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, М. Ашӯров–сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмилу таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ, такмили роҳу усулҳои қабул ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ислоҳоти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон сухан гуфтанд. Дар ҷамъомад миёни иштирокчиён суолу ҷавоб ва мубоҳисаҳои судманд сурат гирифта, қайд гардид, ки танҳо барои расидан ба ҳадафи асосӣ–риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд баҳри татбиқи нуктаҳои дахлдори Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намоем.Мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самтҳои мазкур дар доираи салоҳияти худ мусоидат намояд.

Май 3, 2012 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад