Баррасии воқеияти озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 3 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон ва мусоидати молии Институти Ҷомеаи кушода-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» доир мегардад. Дар ҳамоиш намояндагони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани Миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа алянси Тоҷикистон, Анҷумани рўзноманигорони форсизабонони «АФРЎЗ», ташкилотҳои ҷамъиятии «Хома», «ИНДЕМ» ва «Журналист» ширкат меварзанд. Дар он дар чор бахш масоили вобаста ба декриминализатсияи тўҳмату таҳқир ва масоили вобаста ба лоиҳаи қонуни нави ҶТ «Дар бораи ВАО», тақдири ташкилотҳои ғайриҳукуматии электронӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, ахлоқ ҳамчун унсури асосии масъулияти ВАО-и озод ва маҳаллӣ ва саҳми Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар рушди ВАО-и мустақил баррасӣ мешаванд Сипас дар ҷаласаи ниҳоӣ натоиҷи он ҷамъбаст ва тавсияҳои мушаххас доир ба беҳбуди вазъи озодии баён дар Тоҷикистон таҳия мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






