Бартарафсозии қонунгузории замин
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми моҳҳои январ- апрели соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти заминсозии ҷумҳурӣ 2 ҳазору 843 ҳолати қонуншикании замин ошкор гардидааст,- иброз доштанд дар Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи иттилои манбаъ, мақомоти заминсозӣ нисбат ба 2 ҳазору 505 ҳолат дастур, нисбат ба 1 ҳазору 510 ҳолат протокол ва нисбат ба 1 ҳазору 507 ҳолат қарори ҷаримабандӣ қабул намуданд. Аз 509 ҳазор сомонии маблағи ҷаримашуда 337 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ ворид шудааст. Ҳамчунин барои чораҷӯӣ 185 мавод ба прокуратура ва 195 мавод барои ситонидани маблағи ҷарима ба судҳо фиристонида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






