Боздиди О. Оқилов аз навоҳии вилояти Суғд

Май 15, 2012 16:31

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Аз 13- ум то 15-уми майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунии иншооти муҳими хоҷагии халқ, сохтмону ҳолати роҳу нақбҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт.Оқил Оқилов нахуст бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ҷанубии нақби «Шаҳристон», ки аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ дорад, шинос шуда. барои тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар мӯҳлати зарурӣ ба анҷом расонидани тадбирҳои пешбинишуда ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ҳамзамон Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони коргоҳхои нав ва вазъи истеҳсолот дар «Комбинати маъдантозакунии Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ, ки дар он коркарди маъдани кӯҳию фулузоти ранга ва истихроҷи ангишт ба роҳ монда шудааст, ошноӣ пайдо кард. Дар идомаи сафар ҳамзамон Оқил Оқилов дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни навсозии иншооти ҷашнӣ-варзишгоҳи марказии шаҳр шинос шуда барои тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ ва ба пуррагӣ омода кардани иншоот то таҷлили ҷашнҳои дар пеш истода ба роҳбарияти вилоят ва шаҳр супориш дод.Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо фаъолияти комбинати фулузоти нодири «Ленинобод» дар шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Қайроққум, фабрикаи ресандагии «Олимтекстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ, ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Зарнисор ва фаъолияти ҶДММ «Суғдсемент» дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳ шинос шуд.Бо фаъолият ва ҷараёни истеҳсолот дар ин корхонаҳои саноатӣ шинос шуда Оқил Оқилов ба роҳбарияти корхонаҳо ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки дар ин давра корро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, раванди таъминоти нерӯи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ , афзун кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ташкили коргоҳҳои нави истеҳсоли маҳсулотро тақвият бахшанд. Сарвазири мамлакат рӯзи 15-уми май аз мавзеи корҳои навсозӣ ва сохтмони чойхонаи миллию дигар иншооти ҷашнии муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб», Қасри варзиш, роҳраву гулгаштҳои навбунёд дар соҳили дарёи Сир ва дигар иншооти ҷашнии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров боздид ба амал оварда, бевосита бо рафти корҳои сохтмонӣ ва тадбирҳои барои оянда пешбинӣ шуда шинос шуд.

Май 15, 2012 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад