Cанҷиши «Истиқлол» ё дастаи мунтахаби ҷавонон
Душанбе, 24 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯрии санҷишии дастахҳи «Истиқлол» ва мунтахаби ҷавонони то 22-солаи кишвар, ки омодагиро ба Бозиҳои интихобии чемпионати Осиё мегузаронад, баргузор шуд. Аз назари аввал бозии ҳар ду даста баробар буд, вале аҳёнан ҷавонон, каме ҳам бошад, барои эҷоди комбинатсияҳои зебо талош мекарданд. Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари дастаи ҷавонон малакаи хос дорад ва дар сурати боз ҳам дурусттар истифода шуданаш метавонад ба дастаи мунтахаб бештар манфиат орад. Шакли бозии аз хати ҳимоя бе нишон ба пеш задании тӯб то ҳол аз байн нарафтааст. Аксари дастаҳои Тоҷикистон бо ҳамин шакл бозӣ мекунанд. Бо омадани Алиспахич умед дорем, ки бозӣ шаклу услуби хос мегирад. Дар дақиқаи 22 – юми ин рақобат Шодибек Ғаффоров ҳисобро боз кард ва ҷавононро ба сафи пеш баровард. «Истиқлол» дар дақиқаҳои иловашудаи вақти бозӣ тавонист ҳисобро тавассути Руслан Рафиқов (90+2) мусовӣ кунад. Бозӣ бо ҳамлаи хуби футболбозони ҷавон ва ҳунарнамоии олии дарвозабони «Истиқлол» ба анҷом расид. Мусовӣ ҳам ба нафъи «Истиқлол» буду ҳам дастаи мунтахаби ҷавонон, санҷиш ҳам барои «Истиқлол» буду ҳам барои дастаи ҷавонон, зеро ҳар ду даста моҳҳои наздик шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёӣ ҳимоя мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






