Чемпиони 5-каратаи ҷаҳон доир ба бокс аз олам гузашт
Душанбе, 29 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар иёлати Ню-Мексикои Амрико дар синни 46- солагӣ чемпиони панҷкаратаи ҷаҳон доир ба бокс Ҷони Тапиа бо ин ҷаҳон падруд гуфт. Сабаби марги ӯ то ҳол аён нашудааст. Ҷасади Тапиа дар хонааш дарёфт шудааст. Ӯ соли 1967 дар Албукерке таваллуд шуда, баъди солҳои 80-ум ба бокс машғул шудааст. Падараш то ба дунё омаданаш кушта шуда, модараш дар кӯдакиаш аз дунё гузаштааст. Баъди соҳиб шудан ба унвонҳои зиёд соли 1988 ба бокси касбӣ қадам гузошта, дар соли аввал дар 8 вохӯрӣ ғалаба кардааст, ки 5-тои он бо накаут анҷом ёфтааст. Соли 1995 Тапиа дар вазни сабук чемпиони ҷахон шуд ва соли 1997 дар ҳамин вазн аз рӯи меъёрҳои IBF унвонашро ҳимоя кард. Ҷонни Тапиа охирин мусобиқаашро тобистони соли 2011 бо Маурисио Пастрану барпо карда, бо шумораи холҳо ғолиб омадааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






