Чопи Қуръони азимушшаън бо хати брайлӣ

Май 15, 2012 14:56

Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори нахуст дар Тоҷикистон китоби осмонӣ- Қуръони азимушшаън бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид. Дар робита дар Маркази исломии Тоҷикистон аз ҷониби Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шўрои уламои ҷумҳурӣ ба нобиноён Қуръони азимушшаън тақдим гардид. Раиси Шўрои уламои кишвар ба нобиноён зимни эҳдои Қуръони шариф сабру таҳаммул, тандурустӣ, саодатмандию комёбиро таманно кард. Мавсуф афзуд, ки маҳз бо иқдоми Сарвари давлат дар кишварамаон Қуръони азимушаън қаблан бо теъдоди беш аз сад ҳазор нусха бо забони тоҷикӣ нашр гардида буд ва ҳамон нусхаи Қуръони бо забони тоҷикӣ тарҷумашуда бо хатти брайлӣ барои нобиноён дар яке аз матбааҳои пойтахт чоп карда шуд. Чопи Қуръони азимушшаън бо забони тоҷикӣ ва хатти брайлӣ аз сўи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо кўмаки молии шахсони сарватманду саховатпеша ва хайрхоҳ, хусусан роҳбарони бархе ширкатҳои хусусӣ сурат гирифтааст. Қуръони бо хатти брайлӣ чоп шуда аз нўҳ ҷилд иборат аст. Саидмукаррам Абдулқодирзода мегўяд: дар оянда Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон адабиёту китобҳои дигарро барои нобиноён бо хати брайлӣ нашр хоҳад кард, зеро осори классикони мо саршори панду андарз аст. Аз чопи китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва хатти брайлӣ Латофат Изатуллоева, ки донишҷўи соли дуюми бахши филологияи арабии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абўҳанифа буда, аз чашми бино маҳрум аст, хушҳол шуда гуфт: чопи китоби осмониро бо ҳуруфоти брайлӣ иқдоми наҷиби роҳбарият ва ҳукумати кишварамон медонам ва аз нашри он хуш истиқбол менамоям. Дар ҳамин ҳол Самад Раҳимов, ки сокини яке аз қасабаҳои Душанбест, афзуд: шукронаи Худованд ва осоиштагии рўзгору давлатро менамоям, ки дар синни 72 –солагиам ба хондани Қуръони карим мушарраф гаштам. Ў гуфт: қаблан бо кўмаки духтарам баъзе сураҳои Қуръони маҷидро азбар намуда будам. Тиловати китоби муқаддаси осмонӣ сафо ва баракати ҳар хонадон, пешравии кишвар ва башарият аст, афзуд. С. Раҳимов. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта як узви ҷамъияти нобиноёни пойтахт дар озмуни ҷумҳуриявии ҳифз ва қироати Қуръони карим ба гирифтани зинаи дуюми озмун мушарраф гашта буд.

Май 15, 2012 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст