Дар кишвар 119 корхона фаъол гардид
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Аз рӯи натиҷаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 2 млрд. 559,3 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, ба 114,7% баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2011 327,8 млн. сомонӣ зиёд аст.Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 971,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд ва суръати афзоиш ба 117,2 % -ро ташкил дод. Афзоиш аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат (142,6 млн. сомонӣ), корхонаҳои пахтатозакунӣ (233,3 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст.Аз рӯи нишондиҳандаҳо дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар тамоми раёсатҳои соҳавии Вазорат таъмин гардида, дар соҳаи электроэнергетика (104,9%), дар соҳаҳои мошинсозӣ 121,4%, маводи сохтмон 196,5%, сабук 172,1%, маъдани кӯҳӣ 122,3%, ангишт 147,1% ва истихроҷи нафту газ 105,6% -ро ташкил дод.Корхонаҳои соҳаи хӯроквории системаи вазорат дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 нисбат ба январ-апрели соли 2011 суръати афзоишро ба 134,3%, аз ҷумла КВД «Хӯрокворӣ» 139,9%, КВД «Ғалла» ба 129,2% ва КВД «Гӯшту шир» (якҷоя бо корхонаҳои хурд) ба 117,3% расонданд. Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 ба маблағи 268,3 млн. сомонӣ (10,5%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1 млрд. 666,6 млн. сомонӣ (65,1%) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Боқимонда 624,4 млн. сомонӣ (24,4%) ба истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об рост меояд.Аз соҳаҳои асосии саноати коркард суръати аз ҳама баланди афзоиш дар истеҳсоли чарму маҳсулоти чармӣ (157,9%), нассоҷӣ (2 баробар), ангишт (147,1%), истеҳсолоти дӯзандагӣ (122,9%), истеҳсоли маҳсулоти резинию пластмассагӣ (169,4%), истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ (146,5%) ва саноати табъу нашр (178,1%) таъмин гардидааст.Дар ҳамин давра дар вилояти Суғд 39 корхонаи нав ва 5 истеҳсолоти нав дар заминаи корхонаҳои амалкунанда бо 1041 ҷойи корӣ, дар вилояти Хатлон 13 корхонаи нав ва 10 истеҳсолоти нав дар заминаи корхонаҳои амалкунанда бо 437 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ, дар миқёси ҷумҳурӣ 119 (дар системаи вазорат 62) корхонаи нав ва корхонаҳое, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фаъолият надоштанд, ба кор дароварда шуданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






