Дар ноҳияи Ванҷ НБО – и нав бунёд мешавад
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 23 май вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санги аввали сохтмони НБО – и хурди иқтидораш 300 киловатт — соатро гузошт.Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи иҷрои барномаи дарозмуддати давлатии сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009 – 2020 роҳандозӣ шуд. Барномаи мазкур бо дастгирии сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар ҶТ ва Агентии давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Куриёи Ҷанубӣ дар амал татбиқ карда мешавад. Дар маросими гузоштани санги аввали сохтмони ин иншооти энергетикӣ раиси ВМКБ Қодири Қосим, вакили муваққатии корҳои сафорати Ҷумҳурии Куриё дар ҶТ Ёнг Ҷин Гу ва директори Агентии давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Куриёи Ҷанубӣ Ли Киюнг Санг ширкат доштанд. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, лоиҳаи техникию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳро мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати ҶТ якҷоя бо ширкати махсуси сохтмонии Куриёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ намудаанд.Баъди ба истифода додани иншооти мазкур беш аз 300 хонавода, ду мактаб, як беморхона ва як кӯдакистони деҳаҳои назди он бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.Хотирнишон месозем, ки соли 2011 дар ҷараёни мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати КОIСА – и Куриёи Ҷанубӣ дар бораи сохтмони нерӯгоҳи хурд дар ноҳияи Ванҷ қарор қабул шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






