Даромаду хароҷоти буҷет дар се моҳи соли 2012
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ду моҳи аввали соли 2012 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 1 млрд. 856,5 млн. сомониро ташкил дод. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ 1 млрд. 262,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва чунон ки маълум гардид, ҳаҷми даромади буҷет нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда беш аз 500 миллион сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ гардидааст. Танҳо аз ҳисоби андозҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ 1 млрд. 95,5 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 249,9 млн. сомонӣ зиёд аст.Ба иттилои манбаъ, аз андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 млн. сомонӣ ва андози даромад ва андоз аз фоида 57,1 млн сомонӣ зиёд шудааст. Манбаъ иҷрои буҷети давлатиро дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ аз рӯи даромад 12 млрд.627 млн. сомонӣ ва хароҷотро дар ин давра 11 млрд. 851 млн. сомонӣ ва бақияи маблағро дар ин давра 89,9 млн. сомонӣ арзёбӣ намуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ- феврали соли 2011 ба андозаи 3 млн. сомонӣ кам аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






