Дастпарварони «Суғдиён»- тарғибгарони технологияи нав

Май 28, 2012 15:50

Турсунзода, 28 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Роҳбарияти литсеи «Суғдиён»-и шаҳри Турсунзода тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2012-2013 теъдоди хонандагонро ба 600 нафар расонад. Алҳол дар ин ҷо зиёда аз 400 нафар хонанда таҳсил мекунад. Вобаста ба ин боз чанд нафар омӯзгори пешқадам бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин хоҳад шуд.   Комёбиҳои хонандагону омӯзгорони литсей хурсандибахш аст. Масалан соли таҳсили 2010-2011 литсейро 41 нафар толибилм хатм намуд. Аз ҷумла, 11 нафар дар Донишгоҳҳои Федератсияи Русия, 1 нафар дар Украина, се нафар дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. боқимонда ба донишкадаву донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ пазируфта шуданд ва таҳсилро идома медиҳанд. Соли 1994 роҳбарияти ширкати «Суғдиён» тасмим гирифт, ки дар деҳаи Ленинизм, дуртар аз шаҳри Турсунзода дар ҷои хеле нообод литсей созад. Ва худи ҳамон сол ин ният амалӣ гашт. Сохтмони мактаби шакли нав оғоз шуд. Ҳарчанд бо душворӣ буд, аммо кори он пеш мерафт. Бинои боҳашамат ва хеле зебо дар деҳаи дурдаст қомат афрохт. Синфхонаҳои барҳаво, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, утоқҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ бо тамоми асбобу анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз гаштанд. 1 сентябри соли 1999 барои тамоми кормандони маорифи шаҳри Турсунзода рӯзи фаромӯшнопазир буд, зеро дар ин рӯз литсеи «Суғдиён» ба кор оғоз кард. Ба тариқи озмун 34 нафар муаллими варзида ба кор шурӯъ карда, шумораи умумии талабагон 120 нафарро ташкил дод. Дар соли таҳсили 2001-2002 заҳмати хонандагону омӯзгорон самараи хуб дод. Зиёда аз 15 нафар талаба аз фанҳои гуногун дар олимпиадаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои аввал гаштанд. Имрӯз литсеи «Суғдиён» яке аз литсейҳои пешқадами ҷумҳурист. Хатмкунандагони литсей дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Украина, Қазоқистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил мекунанд. —-Зиндагӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, дигар мешавад. Омӯхтани навигариҳои илм, техникаву технология вазифаи асосии омӯзгорону хонандагони литсей ба ҳисоб меравад, мегӯяд сарвари литсей Одина Аҳмадов. Директори литсей дар бораи омӯзгорон бо қаноатмандӣ сухан мегӯяд, зеро 36 нафар омӯзгори варзидаю боистеъдод, ки ду нафари онҳо номзади илмҳои химияю математикаанд, номбардори литсеянд. Боиси тазаккур аст, ки хатмкунандагони литсей ҳамасола ба мактабҳои олии мамолики гуногун бе мамониат дохил мешаванд. Натиҷаи заҳмати омӯзгорон муваффақияти ҳамасолаи толибилмон аст, зеро хонандагони литсей баробари таҳсили аъло дар олимпиадаҳо ширкати фаъолона доранд. Масалан, соли таҳсили ҷорӣ 12 нафар талаба дар олимпиадаи минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, 2 нафар сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҷои ифтихор аст, ки 4 нафар гирандаи стипендияи президентӣ ва 8 нафар гирандаи стипендияи раиси шаҳр дар ин ҷо машғули таҳсиланд.

Май 28, 2012 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид