Даъват барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои энергетикӣ

Май 30, 2012 15:16

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 24 ва 25 майи соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо даъвати Комиссияи Аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид машварати коршиносони миллии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи лоиҳаи «Самаранокии васеи энергетикӣ-21» баргузор гардид. Дар машварат коршиносон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар машварат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати рушди илм, техника ва технологияи Вазорати энеггетика ва саноат Қ. Олимбеков иштирок карда, доир ба сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба самарабахшӣ, таъмини амнияти энергетикӣ дар мамлакат, тадбирҳои амалишуда, мушкилоти мавҷуда ва нақшаҳои оянда сухан гуфт. Президенти Иттифоқи энергетикҳои Қазоқистон, академик Герман Трофимов дар маърӯзаи худ вазъи энергетикии минтақаи Осиёи Марказиро таҳлил намуда, аз ҷумла қайд кард, ки 65% захираҳои гидроэнергетикии минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид мегарданд ва ҷумҳурӣ танҳо 5 % онҳоро истифода бурда, дар баробари ин дар роҳи рушди энергетикӣ ба фишори ҳамсояҳо дучор мегардад. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти энергетикии худ барои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёди зиёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, мавриди истифода қарор додани беш аз 2200 батареяи барқи офтобӣ, азхудкунӣ ва коркарди майдонҳои зиёди ояндадори ангишт, гази табиӣ ва нафт иқдоми ҷиддиро пеш гирифтааст, аммо ҳанӯз барои расидан ба натиҷаи ниҳоӣ дар ин самт комёб нагардидааст. Дар ин робита академик Г. Трофимов аз ҷумҳуриҳои минтақа ҷиҳати вусъати муносибатҳои мутақобилан судманд ва истиқбол намудан аз сиёсати пешгирифтаи энергетикии Тоҷикистон даъват ба миён оварда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ин сиёсатро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.

Май 30, 2012 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд