Дави миллӣ наздик мешавад

Май 15, 2012 16:14

Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 майи соли равон дар пойтахт ва ноҳияҳои он «Рӯзи дави миллӣ» гузаронида мешавад. Дар ин бора Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонд. Чорабинӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани Дави миллӣ дар партави иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» гузаронида мешавад. Дави миллӣ соати 9.00 оғоз гардида, он дар масофаи 3 км сурат мегирад. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дави миллӣ дар самти хиёбони Рӯдакӣ аз гузаргоҳи назди бинои Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони «Дӯстӣ» ҷараён мегирад. Дар ноҳияи Сино дар қисмати ҷанубии кӯчаи Карамов аз самти бурриши кӯчаи А.Навоӣ то Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», дар ноҳияи Шоҳмансур аз майдони 800-солагии Маскав тавассути гузаргоҳи кӯчаи М. Турсунзода, бурриши кӯчаи Ҳусейнзода, бурриши кӯчаи Адҳамов, кӯчаи Н. Муҳаммад то майдони 800 — солагии Маскав ва дар ноҳияи Фирдавсӣ дар қисмати хиёбони Неъмат Қарабоев, аз самти бурриши кӯчаи Ҷомӣ то бурриши кӯчаи Мушфиқӣ гузаронида мешавад. Тибқи қарор аз роҳбарони мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва сокинони Душанбе хоҳиш карда мешавад, ки дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзанд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон рӯзи баргузории Дави миллӣ тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самти собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (хиёбони Ҳ. Шерозӣ) аз соати 9:00 то соати 11:00 ва дар хатсайрҳои ташкилгардидаи ноҳияҳои шаҳр дар масофаи 3 км аз соати 8 00 то 8 45 муваққатан манъ намоянд. Инчунин, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва сарпарастон барои таъмини ҷавонон бо лавозимоти варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Май 15, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад