Дипломати финӣ муносиботро тавсеа бахшиданист

Май 28, 2012 15:53

Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Самтҳои афзали ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Финляндия дар Душанбе зимни мулоқоти Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Туула Юрела, сафири Финляндия дар Тоҷикистон матраҳ шуд.Мусоҳибон ҳамзамон доир ба дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки парлумонҳои Тоҷикистону Финляндия бо қабули санадҳои зарурӣ фазои ҳуқуқӣ ва қонуниро ҷиҳати тақвияти робитаҳои ҳасана фароҳам овардаанд.Назира Fаффорова гуфт, ки байни парлумонҳои ҳар ду кишвар гурўҳи дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият менамояд, ки он дар тавсеаи равобити байнипарлумонӣ нақши муассир мегузорад. Мавсуф сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Финляндия, ки қаблан сурат гирифта буд, маҳсули робитаҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ кард.Дар навбати худ дипломати финӣ Туула Юрела таъкид кард, ки ҳангоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон тамоми нерўи худро баҳри тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Финляндия сафарбар хоҳад кард.

Май 28, 2012 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад